Курси омӯзишии ТУТ оид ба арзёбии хавфҳо ҳангоми баргузории чорабиниҳои оммавӣ дар давраи пандемияи COVID-19
Ин курси омӯзишӣ ба арзёбии хавфҳо ҳангоми банақшагирӣ ва баргузор намудани ҷамъомадҳои оммавӣ бахшида шудааст, ки онро ТУТ барои кӯмак ба мақомоти тандурустӣ ва ташкилкунандагони чорабиниҳо дар шароити пандемияи COVID-19 таҳия намудааст. ТУТ маҷмӯи воситаҳои арзёбии хавфро барои ҷамъомадҳои умумӣ, инчунин барои чорабиниҳои варзишӣ ва мазҳабии оммавӣ таҳия намудааст. Ҳангоми банақшагирии чорабинӣ бояд инчунин тавсияҳо ва баррасии умумӣ оид ба кам кардани хавфҳо новобаста аз манбаъашон ба инобат гирифта шаванд. Арзёбиҳои мазкур ба мақомот ва ташкилкунандагон кӯмак мекунад, ки сатҳи хатар барои паҳншавии COVID-19-ро дар дохил ва хориҷ муайян намоянд. Бо ҳамаи ин василаҳо метавонед дар сомонаи ТУТ шинос шавед. Ин курс дар ҳамкорӣ бо Маркази тандурустии Ҷон Ҳопкинс ва Маркази ҳамкорӣ бо ТУТ оид ба амнияти ҷаҳонии тандурустӣ таҳия шудааст.
Ҳадафҳои омӯзиш:
муайян кардани ҷамъомади оммавӣ ва хавфҳои он;
шарҳи нақши арзёбии хавф дар банақшагирии тандурустии ҷамъиятӣ;
арзёбии хавфи чорабинии оянда ва чораҳо барои амнияти иштирокчиён;
зикри қадамҳо барои:
арзёбии умумии хавфҳо,
арзёбии хавфи ҷамъомадҳои мазҳабӣ,
арзёбии хавфи ҷамъомадҳои варзишӣ.
Сертификат:
Пас аз хатми пурраи курс, иштирокчиён шаҳодатномаи тасдиқкунанда мегиранд.
Пайвандҳои муфид:
Иштирок дар курс: https://openwho.org/courses/WHO-COVID-19-mass-gatherings-risk-assessment-training
Саволу ҷавобҳо: https://www.who.int/emergencies/diseases/novel-coronavirus-2019/question-and-answers-hub